Устод Садриддин Айнӣ



Сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Устод Садриддин Саййидмуродзода Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони хонигарии Бухоро таваллуд ёфта, айёми баччагияшро дар миёни аҳли заҳмат сипарӣ намудааст. Ҳикояту афсонаҳои аҷоибу ғароиб, суруду таронаҳои дилнишин ва латифаю зарбулмасалҳои пурҳикмате, ки аз одамони хуштабъу заковатманд мешунид, ӯро ба олами сеҳрангези эҷодиёти бадеии халқ ворид овардаанд. Ҳангоми мактабхонӣ бо намунаҳои ғазалиёти Ҳофиз, Сойиб, Бедил ва диг. устодони шеъри классикии форсии тоҷикӣ шиносойӣ пайдо кардааст. Аз сабақҳои пандомӯзи падараш Саййидмуродхоҷа, ки марде маърифатдӯсту мухлиси адабиёт будааст, баҳраҳо бардошта, дар дил нисбат ба илму дониш ва шеъру шоирӣ муҳаббати сӯзоне парваридааст. 
Баъди вафоти падару модараш, ба сахтию маҳрумиятҳои бардавоми зиндагӣ нигоҳ накарда, соли 1890, бо нияти таҳсил, Бухоро омада, дар ибтидо, ба сабаби муҳтоҷию тангдастӣ, маҷбур шудааст, ки хидмати ҳуҷрадорони мадраса ва муллобачаҳои давлатмандро адо ва танҳо дар лаҳзаҳои фороғат дарсхонӣ кунад.
Муҳити илмию адабии Бухоро, алоқа пайдо кардан бо зиёиёни равшанзамир ва махсусан,шиносо шудан бо ақидаҳои маърифатомӯзи Аҳмади Дониш (1827-1897) дар инкишофи фикрии ӯ таъсири муфиде гузоштаанд. Баъди хатми мадраса фаъолияти адабию ҷамъиятии худро ба ҷараёни маорифпарварӣ марбут сохта, дар таъсиси мактабҳои усули нав ва ислоҳ таълиму тадрис ширкат варзидааст. Албатта, иқдомоти ӯ дар асари алоқамандӣ бо ҳаракати ислоҳталабонаи ҷадидӣ аз бархе камбуду нақси ғоявӣ холӣ набудаанд. Аммо, бо вyҷуди ин, дар ҳамон шароити истибдоду таассуби шадиди динӣ чунин рафтору амал хилофи тартиботу низоми аморат ба шумор мерафт ва ҳиммату ҷасорати хосеро талаб мекард. 
Дар даврони ҷанги якуми ҷаҳон (1914-1918) таъқиботи ҳукумати амирӣ қувват гирифта,бисёр одамони тараққихоҳ аз Бухоро фирор кардаанд. Устод Айнӣ ҳам ба Қизилтеппа рафта, чанде дар заводи пахта кор кардааст. Сипас ҷонибҳои Қаршию Самарқанд ва Хуҷанду Фарғона сафар карда, дар ҳама ҷо манзараҳои мудҳиши зулму истисмор ва ҳоли фаҷеъу риққатовари коргарону деҳқононро мушоҳида карда, нафраташ нисбат ба сохти феодалии мавҷуда боз ҳам афзунтар гардидааст. Баъди баргашт ба Бухоро дигар ба тарғиби мактабу маориф маҳдуд нашуда, беш аз пеш ба масъалаҳои сиёсӣ дахолат намудааст. Моҳи апрели соли 1917, рӯзҳои ҳуҷуми қувваҳои иртиҷоъӣ, аз тарафи одамони амир дастгир ва бо 75 дарра муҷозот шудааст.Ҷисми беҷонашро дар ҳолати абгорӣ аскарони рус аз зиндон халос карда, ба Когон овардаанд.Қариб ду моҳ дар беморхона табобат ёфта,3 июни ҳамон сол ба Самарқанд рафта, шаҳри номиро иқоматгоҳи доимӣ қарор додааст. Соли 1918 амири Бухоро бар қасди ӯ бародари хурдияшро ба қатл расондааст. Инқилоби Октябрро бо хушнудӣ пазируфта,аз рӯзҳои аввал ба хизмати он камар бастааст ва дар сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ фаъолона ширкат варзидааст.
 Аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст.Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулхона,сипас дар идораи тоҷорати он хидмат кардааст. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро ба ҷой овардааст.
Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст. Соли 1940 сазовори унвони фахрии Ходимихидматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон ва соли 1943 шоистаи унвони ифтихории Ходими хизматнишондодаи илми РСС Ӯзбекистон гардонида шудааст.Соли 1943 ба узвияти фахрии Академияи илмҳои РСС Ӯзбекистон пазируфта шуда, соли 1948 Шӯрои илмии Университети давлатии Ленинград ӯро сазовори унвони баланди илмии доктори илми филология донистааст. Соли 1951 академик ва аввалин президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон интихоб гардидааст. 
Осори адабии ӯ дар қолаби назму наср офарида шудаанд.Нахустин ашъорашро ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса таҳти тахаллусоти «Муҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ба қалам овардааст.Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Шеърҳои даврони мадрасаи ӯ дар пайравии шоирони гузаштаву муосираш эҷод шуда,бештар ба кайфияту ҳолати зиндагонии давраи таҳсилаш алоқаманд будаанд.Чанде аз ин қабл шеърҳояш ба тазкираву баёзҳои ҳамон замон дохил шудаанд. Баъдтар, дар ҷараёни фаъолияти маърифатпарварӣ, шеърҳои тарбиявӣ гуфтааст. Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909–1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмаку Парвона» (1917) моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пеш аз инқилобии ӯ ба шумор мераванд.

Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёту эҷодиёти худро бо тақдири халқи мубориз ва бунёдкори шӯравӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд овардааст.Шеърҳои дар тӯли солҳои 1918-1921 навиштаи ӯ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилал», «Якуми Май» ва ғ. дар маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» ва ҷаридаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмӯаи ашъораш «Ахгари Инқилоб» (Бухоро, 1923) ворид гардидаанд. Ҳамчунин, он солҳо дар боби воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мақолаҳои зиёди публитсистӣ навишта, моҳияти ҳаводиси ҳаррӯзаи даврони инқилобро ба тӯдаҳо фаҳмондааст.
Тадриҷан зарурати дар эҷоди бадеӣ тасвир намудани симои қаҳрамонон ва бунёдкунандагони ҷамъияти сотсиалистиро ҳис карда, дар боби адои ин вазифа насрро қолаби мувофиқтар донистааст ва ҷиддан ба насрнависӣ гузашта, аввалин очерку ҳикоя ва қиссаву романҳои ҷолибашро тақдими адабиёт намуда,барҳақ асосгузори насри реалистии тоҷик гардидааст. Соли 1920 якумин қиссаи мусаннади худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар заминаи корбасти санаду далелҳои муътамади таърихӣ разолату ҷаҳолат ва ҳодисаву фоҷиаҳои хунбори вопасин рӯзҳои аморати Бухороро ҷасурона фошу мазаммат кардааст. Баъдан қиссаи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина»-ро ба қалам оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924-1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп кунондааст.Соли 1927 қиссаи мазкур таҳти унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст. Дар асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ дар арафаи инқилоб тасвир ёфтааст. Нахустин романи ӯ «Дохунда» соли 1930 аз чоп баромад, ки лаҳзаву лавҳаҳои дилхароши зиндагонии пеш аз инқилобию даврони инқилоб ва ҷангу хунрезиҳои ҳам ватаниро фаро гирифта, муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва бунёди ҳаёти нав воқиъбинонаба тасвир овардааст. 
Соли 1935 калонтарин романи ӯ «Ғуломон» интишор ёфтааст, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро инъикос намуда, дар бораи чӣ тавр аз ҳолати мазлумӣ ба зиндагонии саодатманди сотсиалистӣ расидани мардумро равшану зиндаву гӯё ҳикоят кардааст. Солҳои 1935-1940 чанд асари дигари мансур офаридааст, ки қиссаҳои мусаннади ёддоштии «Мактаби куҳна»-ву «Ятим» аз онҷ умлаанд. Устод Айнӣ ба воситаи қиссаву романҳои номбурда аввалин бор дар таърихи адабиётамон оммаи меҳнаткашро каҳрамони асосии адабиёт қарор додааст.


Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) Устод як силсила ҳикоя, очерки таърихӣ ва мақолаи публитсистӣ таълиф намуда,вуҷуди ватандӯстони тоҷикро ба ҷӯшу хурӯш овардааст ва адовати сӯзонашонро нисбат б афашизм аланга бахшидааст. Дар тӯли солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии «Ёддоштҳо» ба табъ расид,ки дар авроқи он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳаёти халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтаанд.Ин асари безаволу беназир, ки ҳам дар баёни ҳақиқати зиндагӣ, ҳам дар фарогирии хулосаҳои амиқи пурҳикмат ва ҳам дар нигориши бадеию офариниши образҳои мухталиф ба авҷи камол расидани маҳорати адабии нависандаро нишон медиҳад, на фaқат дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказиро ишғол намудааст, балки яке аз муваффақиятҳои ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг эътироф гардидааст. Соли 1950 барои ду ҷилди аввали «Ёддоштҳо» нависанда сазовори Мукофотидавлатии СССР гардонида шудааст.
Устод Айнӣ дар даврони шӯравӣ асосан ба насрнависӣ машғул шуда бошад ҳам,шеъргӯйиро тарк накарда, аҳёнан  дар ҷаридоти «Овози тоҷик», «Тоҷикистони Сурх»,маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ва «Шарқи Сурх» шеърҳои таблиғотӣ, қасидаву манзумаву достонҳои хонданӣ чоп кунондааст.Намунаҳои осори манзуми дар давраҳои гуногун офаридаи ӯ дар маҷмӯаҳои «Ёдгорӣ»(1935), «Ашъори мунтахаб» (1958), «Ахгари Инқилоб» (1974) гирдоварӣ ва чоп шудаанд. 
Устод Айнӣ, дар баробари фаъолияти адабӣ, бисёр асарҳои пурқимати илмӣ ҳам таълиф намудааст, ки «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (Тошканд, 1923), «Материалҳо оид ба таърихи Инқилоби Бухоро»(Маскав, 1926) ва чандин мақолаву очерки тадқиқотӣ намунаи онҳостанд.Мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар роҳи демократӣ кунондани забони адабии тоҷик ва инкишофи он нақши муҳим бозидаанд.Хидмати ӯ, махсусан, дар соҳаи адабиётшиносӣ хеле бузург аст ва беҳуда нест, ки таърихи адабиётшиносии даврони шӯравии тоҷик
Устод Айни ва академик Павловский
аз соли нашри нахустин асари сарнавиштсози тадқиқотии ӯ – «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) солшуморӣ мешавад.Рисолаҳои илмии ӯ дар хусуси ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Восифӣ ва диг. ҳанӯз ҳам аҳаммияти илмиашонро гум накардаанд.

Осори адабию илмии Устод Айнӣ дар Куллиёти 15-ҷилда гирдовардӣ шудаанд, ки то имрӯз 14 ҷилди он аз чоп баромадааст. Устод Айнӣ ҳиссае аз асарҳояшро ба забони ӯзбекӣ ҳам таълифу тарҷума карда, дар ташаккули адабиёти даврони шӯравии ӯзбек ҳам саҳми сазовор гузоштааст, ки муҳимтарини онҳо дар мунтахаби ҳаштҷилдаи осораш (ба забони ӯзбекӣ) дар Тошканд интишор ёфтаанд.
Устод Айнӣ дар бобати нашри осори гузаштагон ва тарҷумаву таҳрири асарҳои тарҷумавии нависандагони халқҳои бародар низ фаъолона ширкат доштааст.Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» (1927)аз тоторӣ ба тоҷикӣ мутаъаллиқи хомаи заркори ӯст. Аксарияти таълифоти ӯ, минҷумла, асарҳои калони насрияш, ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва борҳо чоп шудаанд.Устод Айнӣ узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1923), узви КИМ РСС Тоҷикистон (1929-1938), депутати Совети Олии СССР (1950-1954), депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (1947) буда, чанд навбат депутати Совети шаҳрии Душанбеву Самарқанд интихоб шудааст.Барои хизматҳои беназири адабӣ ва ҷамъиятияш бо се ордени Ленин (1941, 1948, 1949),ордени «Байрақи сурхи меҳнат» (1931) ва Ифтихорномаҳои Совети Олии РСС Т оҷикистону
Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.Солҳои 1935, 1949 ва 1953 ҷашни солгарди ҳаёту эҷодиёти ӯ, соли 1978 садумин солгарди зодрӯзи бузургмарди таърихи миллат ботантана таҷлил ёфтаанд. Аз соли 1958, ҳамасола, дар рӯзи таваллуди нависанда Маҷлиси илмии «Солонаи Айнӣ» барпо гардида, маводи он дар маҷмӯаи махсуси «Ҷашнномаи Айнӣ» нашр мешавад.Бисёр деҳаю шаҳру навоҳӣ, кӯчаю хиёбон,мактабу муассисаи маърифатию равшаннамоӣ номи азизи Устодро гирифтаанд. Дар шаҳри Душанбе Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, дар Самарқанд (дар ҳавлии нависанда) Осорхонаи ёдгории Садриддин Айнӣ ташкил ёфтаанд, ки зиёратгоҳи хосу оми ҷаҳонанд.Ҷоизаи махсуси адабии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (2005) номи ӯро дорад, ки дар ду сол як маротиба адибони соҳибкитоби хушсалиқа сазовораш гардонида мешаванд.Устод Айниро ҷамоати мутамаддини олам воқеъбинона яке аз классикони адабиёти Ховарзамин ва тамоми ҷаҳон дониста, ширкатварони Конфаронси дувуми мамолики Осиёву Африқо (Қоҳира, 1962) дар баённомаи худ якдилона ба таъкид овадаанд, ки «мо дар инкишофи тафаккуру бедории худ аз осори бисёр адибони гумном, инчунин, нависандагоне монанди Робиндронат Такур, Лу Син,Садриддин Айнӣ ва Тоҳо Ҳусайн миннатдору сипосгузорем».Устод Айнӣ соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони олӣ – аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон гардонида шуд.Соли 1977 муҷассамаи азиму нимпайкараҳои муҷаллояш дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва чандин шаҳру навоҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон қомат афрохтанд.Аз соли 1934 Узви Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ мебошад.15 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.Марқади шарифаш дар «Боғи Устод Айнӣ»(шаҳри Душанбе) қарор дорад. Дар воқеъ, Устод Айнӣ яке аз парчамдорони фарҳанги пурғановати миллӣ, равшангари таърихи шарафманду ҷоннисори Ватану миллати бузургамон буда, месазад аз номи пурифтихору мероси мондагори ӯ абадулобод фахрему нозему илҳом бардорем.





















Устод Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ
 

 4 декабри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон зода шудааст.Тангии маишати хонавода водораш намудааст, ки аз овони кӯдакӣ худро дар оғӯши меҳнат бинад.Аввалҳо ба касбу кори падараш (гевакашӣ) ѐрӣ дода, баъдтар дар дӯконҳои оҳангарӣ ва челонгарӣ шогирдӣ кардааст. Дар ҳамон айѐм тавассути қиссахонҳое, ки дар растаю бозорҳо «Шоҳнома»-хонӣ мекарданд, бо намунаҳои осори безаволи Фирдавсӣ шиносо гардида, таъсири каломи мавзун ва суханҳои латифу ҳакимонаро эҳсос кардааст. Падараш, ки табъи баланди шоирӣ дошта, бо тахаллуси «Илҳомӣ» шуҳрат ѐфтааст, гоҳо шеърҳои сӯфиѐнаи худу гоҳи дигар ғазалҳои Саъдию Ҳофизро барояш мехондааст.

Ба ин васила майлу рағбати шеъру шоирӣ беш аз пеш дар қалби кӯчаки ӯ маскан меѐфтааст. Баъдтар созмони маҳаллии ҷамъиятии «Одамийят», ки барои бештар ба сафи худ ҷалб кардани ҷавонони қобилу умедбахш ҷаҳд мекардааст, аз истеъдоди ин ҷавони ҳафдаҳсола пай бурда, бо харҷи худ ӯро барои таҳсил ба Теҳрон фиристодааст.

Вале мактабхонӣ дер давом накарда, ҷунбишу ошӯбҳое, ки бо таъсири инқилоби якуми рус ба вуқӯъ пайвастанд, ӯро ҷониби худ кашидаанд ва чун сарбози инқилоб силоҳ ба даст гирифта, дар муборизаҳои озодихоҳии миллӣ ва зиддиистибдодии ҳамватанони худ иштирок намудааст.

Аз ҷумла, дар шаҳри Гелони вилояти Рашт ба шӯриши мусаллаҳи зидди подшоҳ ҳамроҳ шуда, дар роҳи ғалабаи он фидокорона хизмат кардааст ва ба гирифтани нишони Сатторхон, ки яке аз роҳбарони ҳаракати озодихоҳии миллии Эрон буд, мушарраф гардидааст. Пас аз шикасти балвои солҳои 1905-1911 қувваҳои иртиҷоъӣ ба таъқиби инқилобиюн шурӯъ намудаанд ва Лоҳутӣ, ки ба қатл маҳкум шуда буд, ба Бағдод муҳоҷират карда, то апрели соли 1915 дар он ҷо рахти иқомат густардааст.

Боз ба ватан баргашта, рӯзномаи «Бесутун»-ро таъсис додааст ва дигарбора дар ҷунбишҳои озодихоҳонаи синфӣ ва муборизаҳои инқилобӣ ширкат варзида, мафкураву ҷаҳонбинии ӯ вусъати бештар ѐфтаанд. Дар аввалҳои соли 1917 нахустин бор бо болшевикони рус, ки дар сафи қӯшунҳои ишғолӣ хизмат мекарданд, ошно шуда, ба воситаи онҳо доир ба воқеаҳои инқилобии Русия муфассал иттилоъ ѐфтааст.

Моҳи декабри соли 1917, вақте ки Ҳукумати Шӯравӣ аскарони русро аз Эрон баровардаву империалистони инглис кишварашро тасарруф намуданд, Лоҳутӣ
дубора тарки ватан гуфта, ба Истамбул рафтаву муддате дар макотиби форсӣ муаллимӣ кардааст ва силсилае ғазалиѐти беназир офаридааст, ки дар маҷмӯаҳои «Лаъолӣ», «Эроннома», «Наврӯзнома» ва ғ. ба табъ расидаанд.

Дар муҳоҷират хеле сахтиҳоро ба сар бурда, ҳамроҳи ҳамсангарони содиқаш «Ҷамъияти ҷавонони Эрон» ва маҷаллаи «Порс»-ро таъсис додааст ва, ниҳоят, дучори таъқиби шадиде гардидааст.

Охири соли 1921 ба Озарбойҷон омадааст ва, дере нагузашта, дувумин шӯриши Табрезро, ки бо номи «Шӯриши Лоҳутихон» машҳур аст, сардорӣ кардааст.

Пас аз фурӯ нишонда шудани шӯриш, моҳи феврали соли 1922, ба Иттиҳоди Шӯравӣ гузашта, ба давраи нави ҳаѐти худ оғоз бахшидааст.

Муддате дар Тифлису Бокуву Нахҷувон кору зиндагӣ карда, ибтидои соли 1923 ба Маскав омадааст ва дар «Нашриѐти халқҳои СССР» ба кор пардохтааст.

Соли 1925 ба Тоҷикистон омада, дар муборизаи зидди душманони ҳаѐти нав ва сохтмони сотсиалистӣ фаъолона ширкат варзидааст. Муддате мудири шуъбаи ташвиқу тарғиби Шӯрои ташкилии Кумитаи ҳизбии вилоятӣ ва ҷонишини Комиссари халқии маориф буда, дар таъсиси Нашриѐти давлатии ҷумҳурӣ бевосита ширкат кардааст.

Бо ароба аз Тирмиз мошини чоп овардааст. Соли 1931 хабарнигори «Правда» таъин шуда, соли 1933 Кумитаи муассисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст ва чанде раиси фахрии он будааст. Дар Анҷумани якуми умумиттифоқии нависандагони шӯравӣ (1934) дар бораи адабиѐти нави тоҷик маърӯза хондааст.

Баъдан, соле чанд, Котиби масъули Итти-фоқи нависандагони СССР будааст.

Соли 1935 дар ҳайъати адибону арбобони маданияти шӯравӣ дар Конгресси байналмилалии ҳимояи маданият, ки дар Порис барпо гардида буд, иштирок ва суханронӣ кардааст. Ба шеъргӯйӣ аз дувоздаҳсолагӣ сар карда, дар равияи падараш ғазалҳои тасаввуфӣ гуфтааст. Соли 1907 аввалин шеъри ӯ – қасидаи «Ҳуббулватан» дар моҳномаи «Ҳаблулматин» (Калкутта) чоп шудааст.

Пас аз ин шеърҳои ватандӯстона ва инқилобии ӯ дар байни мардум иштиҳор ѐфтаанд.

Ҷараѐни тундутези воқеаҳои инқилобии солҳои 1905-1911 дар тафаккур ва тасаввуроти Лоҳутӣ тағйироти муҳим ворид оварда, дар мазмуну муҳтавои ғоявии шеърҳои ӯ нақши вофир гузоштаанд.

Чунин таҳаввулотро дар шеърҳое, ки танҳо дар давоми соли 1909 ба қалам овардааст, мушоҳида кардан мумкин аст.

Аз ҷумла, дар шеъри «Фарѐди миллат», ки мазмуну пафоси баланди ватандӯстона дорад, Эронро миллати воҳиду ягона ҳисобидааст; дар шеъри «Ай ранҷбар», дар баробари нишон додани зиддиятҳои дохилии мамлакат, муборизаи порлумониро воситаи асосии муҳофиза-ти ҳуқуқи мардум шумурдааст.

Аммо дар ғазали «Ё ҳар ду» наҷоти халқро дар муборизаи мусаллаҳонаи он дида, дар шеъри «Маънии одам» (1910) талқин кардааст, ки танҳо ранҷбару меҳнаткаш сазовори номи баланди одаманд.

Шеърҳое, ки дар солҳои қувват гирифтани нирӯҳои иртиҷоъӣ дар Эрон ва муҳоҷирати шоир навишта шудаанд, ҳам ошкоро («Шарқ»)-ву ҳам рамзу кинояпеч («Шамъу Парвона»), мардумро ба ҳуррияту инқилоб ва муборизаи зидди мустамликадорон даъват кардааст.

Дар баъзе шеърҳои онвақтаи ӯ, аз қабили «Бозгашт ба ватан» (1915), дар баробари хеле барҷаста ифода ѐфтани ғояҳои ватандӯстӣ, оҳанги маъюсӣ ва афтодарӯҳии шоир эҳсос мешавад.

Аммо, дар натиҷаи дубора сар бардоштани қувваҳои инқилобӣ ва, хусусан, бо таъсири воқеаҳои инқилобии Русия, марому идеалҳои шоир дар роҳи озодии синфи ранҷбару деҳқон торафт равшантар мегарданд, ки дар шеърҳои «Яке Руму яке Эрон парастад» (1916), «Бо ин ки дар шариъати хубон ҳиҷоб нест» ва «Қасри Доро» (1917) то андозае инъикос ѐфтаанд. Дар шеърҳои «Дос ар кашад…» ва «Деҳқон хуроку фаъла ҷаҳонро бино кунад» (1920) ва «Гар нест ду дасти номвар маро» (1921) мардуми муборизро ба ваҳдату низом даъват намуда, иттифоқи коргару деҳқонро шарти асосии аз панҷаи зулму асорат раҳойӣ ѐфтани оммаи заҳматкаш донистааст.

Хулоса, вақте ки Лоҳутӣ ба мамлакати сотсиалистӣ қадам гузошта, эҷодиѐти худро бо «Калимаи шаҳодати ранҷбарӣ» (феврали 1922) ба ҳаѐту адабиѐти шӯравӣ алоқаманд намуд, аллакай соҳиби афкори муайяни иҷтимоӣ ва устоди каломи бадеъ будааст.

Таҷрибаи зиѐди зиндагӣ ва истеъдоди адабию андешамандӣ имконияташ додаанд, ки баъзе маҳдудиятҳои ғоявӣ ва эҷодии худро муттасил бартараф карда, эҷодиѐташро мутобиқи шароити наву воқеиятҳои ҷамоати сотсиалистӣ пеш барад ва яке аз пешқадамтарин шоирони шӯравӣ гардад.

Шеърҳои «Калимаи шаҳодати ранҷбарӣ» (1922), «Инқилоби Сурх» (1923) ва қасидаи «Кремл» (1923) ҳанӯз то ба Тоҷикистон омадани Лоҳутӣ дар байни хонандагони тоҷик иштиҳор ѐфта, мухлисони бисѐре пайдо кардаанд. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои дар Душанбе чопшудаи устод Лоҳутӣ «Адабиѐти сурх» (1926) будааст.

Пас аз он дар мавзӯъҳои гуногуни ҳаѐти ҷумҳурии ҷавониТоҷикистон шеъру сурудҳои бисѐре навиштааст, ки аҳаммийяти калони таблиғотӣ дошта, ҳам аз ҷиҳати шаклу ҳам аз лиҳози мазмун тоза ва намунаи ибрати ҳамагон будаанд.

Беҳуда нест, ки солҳои сиюми садаи бист ӯ дар байни мардуми тоҷик шуҳрати беназире пайдо карда, бо унвони ифтихории «Падар» вирди забонҳо гардидааст.

Устод Айнӣ дар шахси ӯ бузургтарин шоир ва дӯсти ҳамсафару ҳамақида пайдо карда, ҳар ду паҳлӯ ба паҳлӯ истода адабиѐти навини моро барпо карданд ва ӯ барҳақ асосгузори шеъри инқилобии тоҷикӣ шинохта шудааст. Маҳз ӯ буд, ки Устод Айниро аз чанголи марг тавасути муроҷиат ба Сталин раҳо карда тавонист.

Бо ин ҳама, устод Лоҳутӣ яке аз қаҳрамонони миллии мо ба ҳисоб меравад.

Дар давоми солҳои сиюм устод Лоҳутӣ муҳимтарин асарҳояшро, аз қабили достонҳои «Мо зафар хоҳем кард» (1930), «Зӯри СССР» (1932), «Сафари Фарангистон» (1935), «Ду нишон» (1936) ва ғ., ба майдон овардааст. Азбаски дар офаридани шеърҳои тамсилӣ таҷрибаи кофӣ пайдо карда буд, монанди «Се қатра», «Одами оҳанпо», «Шамшери фотеҳ», «Кӯҳ ва Оина», «Ба Ҳофизи нобино» ва «Посбони Ватан» чанд манзума офарида, дар ин қолаб ҳам имконпазир будани тасвири воқеъияти зиндагиро дигарбора нишон додааст. Тараннуми муваффақиятҳои пайдарҳами мамлакати сотсиалистӣ («Фатҳи Донбасс», «Хабар»), ситоиши дӯстии халқҳо ва интернатсионализми пролетарӣ («Ҷашни понздаҳсолагӣ», «Ба Ӯзбекистон», «Ҷавоб ба васиятномаи Шевченко», «Ҳадя ба халқи муборизи Испониѐ») аз мавзӯъҳои асосии эҷодиѐти ӯ дар ин давра ба шумор мераванд.
Таронаҳои «Пули Вахш», «Таронаи партизанӣ» (1935) ва амсоли ин вирди забони ҷавонон гардида, дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба номи «шарқӣ» суруда мешуданд.
Ба муносибати якумин Даҳаи адабиѐт ва санъати тоҷик дар Маскав (1941) либреттои операи «Коваи оҳангар»-ро навиштааст, ки хеле машҳур гашта буд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тавассути ашъори ноби зиддиҷангияш худ халқи шӯравиро ба муборизаи зидди истилогарони фашистӣ даъват намуда («Ай халқи золимкуш, қиѐм!», «Дарандагонро бизанем!», «Мӯру Офтоб», «Хонаи Тарас озод хоҳад шуд!»), ба пирӯзии мардуми шӯравӣ бовари қатъӣ доштааст.
Он солҳо байти «Ҷангҳои болшевикӣ мо дар ин майдон кунем, Даст агар аз тан бияфтад, ҷанг бо дандон кунем!» вирди забонҳо будааст.
Ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳои шӯравӣ ғояи асосии эҷодиѐти ӯ гардида, достонҳои «Мардистон» ва «Ғалабаи Таня», манзумаҳои тамсилии «Паҳлавон Оштӣ» ва «Ҳамсафарон» аз беҳтарин асарҳои даврони ҷанги адабиѐти тоҷику шӯравӣ ба ҳисоб мераванд.

Он солҳо бо овози баланд мегуфт: «Ай меҳрубон Ватан, ба раҳат ҷонфишон манам, Дастонсаро ба васфи ту бо сад забон манам….».

Устод Лоҳутӣ соли 1945 матни Суруди давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистонро эҷод кардааст, ки то даврони соҳибистиқлолӣ вирди забони ҳамагон буда, дар замонаш яке аз беҳтарин таронаҳои миллии ҷамоҳири шӯравӣ ба ҳисоб мерафтааст. Дар давраи пас аз ҷанг ғояҳои ватанпарварӣ, дӯстии халқҳо, тараннуми комѐбиҳои Ватан ва тарғиби сулҳу амният дар эҷодиѐти ӯ мавқеи намоѐн ишғол кардаанд, ки «Суруди сулҳхоҳон», «Санади сулҳро имзо мекунем», «Сухани мардумони одӣ», «Митинги сулҳхоҳон» ва ғ. беҳтарин намунаи чунин ашъоранд.

Яке аз калонтарин асарҳои шоир достони «Парии Бахт» аст, ки дар сабки достонҳои афсонавии рамзӣ–тамсилии халқӣ нигориш ѐфта, ба воситаи образу ифодаҳои рамзиву тамсилӣ муборизаи халқи русу мардумони дигари Иттиҳоди Шӯравиро дар роҳи ба даст овардани бахту саодат ва озодию ҳуррият тасвир намудааст.

Силсилаи дигари шеърҳои устод Лоҳутӣ ба тасвири воқеаҳои байналхалқӣ («Фестивали ҷавонони демократи ҷаҳон дар Берлин», «Ба халқи Куба»), ба Эрон ва муборизони роҳи озодии он («Зиндагӣ пирӯз мешавад», «Ба халқи зодгоҳам», «Ба дафъи қувваи бегона бархез!») бахшида шудаанд.

Дар шеъри «Ҷавоб ба иғвогарон» (1954) унсурҳои иртиҷоъиеро, ки аз номаш китоби ҷаълие чоп карда, барои таблиғоти зиддишӯравӣ истифода бурданӣ шудаанд, бо қаҳру ғазаб фошу маҳкум намудааст.

Дар шеъри «Орзу» (1954) самимитарин омолу умедҳои шоири инсонпарвар оид ба хушбахтии тамоми мардумони ҷаҳон ифода ѐфтааст.

Осори устод Лоҳутӣ дар авроқи «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1946), «Асарҳои мунтахаб» (1949), «Сурудҳои озодӣ ва сулҳ» (1954), «Нидои зиндагӣ» (1956), «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1957), «Гавҳари ишқ» (1958), «Шӯъла ва Шамшер» (1974), «Офтоби Сурх» (бо ҳуруфи форсӣ; Маскав, 1987), «Шеърҳо. Достонҳо» (1987) ва «Куллиѐт» (1960-1963)-и шашҷилда фароҳам омадаву ба дасти чоп расидаанд.

Имрӯзҳо нашри муҷаддаду мукаммали «Куллиѐт»-и адибро дар ҳашт муҷаллад нақшабандӣ кардаанд, ки 2 ҷилди аввали он (2011, 2014) аз чоп баромад.

Устод Лоҳутӣ яке аз мутарҷимони моҳири адабиѐти русу дигар халқҳо буда, бисѐр асарҳои А.С.Пушкин ва намунаҳои осори Т.Г.Шевченко, М. Горкий, В.Маяковский, В. Лебедев Кумач, Л. Ошанин, Е. Далмаатовский ва суруди «Интернационал»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Инчунин, тарҷумаи асарҳои саҳнавии В. Шекспир («Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «Шоҳ Лир»), Лопе де Вега («Чашмаи гӯсфандон») ва А.С. Грибоедов («Дод аз дасти ақл») ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Асарҳои алоҳидаи худи шоир аз солҳои сиюм ба забони бисѐр халқҳои дигари оламу шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Барои хизматҳои шоистаи адабӣ ва ҷамъиятияш бо орденҳои Ленин, «Нишони фахрӣ» ва «Байрақи сурхи меҳнат» (1931) мукофотонида шудааст.

Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон, бисѐр деҳаву мактабу муассисаву кӯчаву хиѐбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ номи некашро зинда медоранд. Ҷоизаи махсуси Иттифоқи журналистони мамлакат номи ӯро дорад. Осорхонаи ӯ дар Душанбе зиѐратгоҳи умум аст.

Устод Лоҳутӣ, бешубҳа, рамзи ваҳдати адабию фарҳангии мардуми форсизабони ҷаҳон, махсусан Тоҷикистону Эрон, мебошад. Соли 1987, мутобиқи Қарори вижаи ЮНЕСКО, тамоми мардуми мутамаддини олам 100-умин солгарди зодрӯзи марди муборизи ҷабҳаи озодӣ ва тараннумгари сулҳу саъодати башарро ба таври мутантан таҷлил намуданд. Соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

16 марти соли 1957 дар шаҳри Маскав вафот кардааст.

Дар Қабристони Новодевичйе мадфун аст.












Устод Мирзо Турсунзода 


2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (ҳозира Шаҳринав) таваллуд ёфтааст.

Соли 1930 Дорулмуаллимини Тошкандро ба итмом расонда, ба ҳайси мудири шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «КомсомолиТоҷикистон» ва, муддате, дар вазифаи роҳбари қисми адабии Театри давлатии мазҳакаю мусиқии Ленинобод ба номи А.С.Пушкин адои хидмат кардааст.

Соли 1935 ба Иттифоқинависандагони Тоҷикистон ба кор гузашта, вазифаҳои мудири шуъбаи ташкиливу оммавӣ ва роҳбари шӯрои драманависонро бар уҳда доштааст.

Соли 1939 раиси Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ (Главлит), соли 1943 сардори Раёсати санъати ҷумҳурӣ таъин гардидааст.

Аз соли 1946 то рӯзи фавташ раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст. Соли 1951 академики АИ РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Фаъолияти адабияш аз соли 1929 оғоз ёфтааст.

Аввалҳо дар соҳаи наср қувва озмойӣ карда, дар саҳифаҳо иматбуоти даврӣ бештар очерку ҳикояҳояш интишор ёфтаанд, ки намунаҳое аз онҳо дар маҷмӯаи «Байрақи зафар» (1932) гирдоварӣ шудаанд. Воқеаҳои айёми инқилоб, ҷангҳои ҳам ватанӣ ва муборизаҳои синфӣ, ҳаёти пурҷӯшу хурӯши комсомол ва комёбиҳои даврони нав мавзӯи асосии очерку ҳикоя ва нахустин ашъори ӯ будаанд.

Соли 1935 яке аз асарҳои калони манзуми ӯ «Манзараҳои Хуҷанд» дар маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» чоп шудааст, ки дар он меҳнати садоқатмандона ва бунёдкоронаи мардуми шӯравӣ тасвиру тавсиф ёфтааст. Достонҳои «Офтоби мамлакат» (1936), «Хазон ва Баҳор» (1937) низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд.

Соли 1939 маҷмӯаи «Шеърҳо»яш аз чоп баромадааст, ки ашъори дар васфи Ватану нашъунамои он («Суруди ҷавонӣ», «Мамлакати тиллоӣ», «Оҳанрабо») вавоқеаҳои байналхалқӣ («Аз оташ ҳазар кун!», «Халқи далер», «Ба духтари Астурия») бахшидаашро дар бар гирифтааст.

Як силсила шеъру манзумаҳои ӯ ба тасвири пирӯзиҳои мардуми кишвари тоҷик, кашфи сарватҳои моддию маънавии он, бунёди иншооти бузурги ҷумҳурӣ бахшида шудаанд, ки «ВодииҲисор», «Ба кӯҳсори тоҷик», «Хаёли хом», «Гул мекунад», «Омад канал» (1940) аз он ҷумлаанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тараннуми ғояҳои ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳо дар эҷодиёташ мавқеи асосӣ ишғол намудааст.

Аз ҷумла, шеърҳои ватандӯстонаи ӯ «Хайр, модари азиз!», «Хотираи капитан», «Ҳамшираҳо» (1941), «Сарчашмаи мардонагӣ», «Ҳаргиз», «Ба ҷанг» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Фарзанди ту меояд» (1944) дар солҳои ҷанг хеле шуҳрат ёфта, мақбули хонандагон гардида буданд.

Дар достонҳои «Писари Ватан» (1942) ва «Арӯс аз Маскав» (1945) ғояи дӯстию бародарии мардум ишӯравӣ тараннум ёфтааст. Ашъори баъди ҷангиаш дар маҷмӯаи «Тӯҳфаи ҷавонӣ» (1947) фароҳам омадаанд. Эҷодкорона аз худ кардани анъанаҳои пешқадами назми шифоҳӣ ва классикии тоҷик, баҳрабардорӣ аз комёбиҳои адибони халқҳои бародар ва омӯхтани таҷрибаи устодони назми рус омили асосии такмили маҳорату маданияти баланди шоирии ӯ гардидаанд. Эҳсоси набзи замон, дарёфти мавзӯъҳои тоза ва ифодаи фикрҳои бикр, ибрози андешаҳои матлуб, забони фасеҳу равон, тасвироти рангин ва оҳанги нарми лирикӣ сабки махсуси суханварии ӯро ташкил додаанд. Намунаи барҷастаи корбасти пурсамари чунин сабку ривияҳои гуногуни шоир силсилаи шеърҳои «ҚиссаиҲиндустон» (1947) аст, ки зодаи таассуроти сафари ӯ ба Ҳиндустон мебошад.

Беҳуд анест, ки соли 1948 барои қисми якуми силсилаи мазкур («Қиссаи Ҳиндустон», «Рӯди Ганг», «Меҳмони мағрибӣ», «Тара Чандри», «Боғи муаллақ», «Дар ёди кас») шоир сазовори Ҷоизаи давлатии СССР гардидааст.

Баъдан, пайиҳам, маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Пайғом» (1949), «Ман аз Шарқи Озод» (1950), «Мавҷи табрикҳо» (1951), «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Қиссаи машҳур» (1954), «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғи абадӣ» (1958, ба ҳуруфи арабӣ) ва ғ. аз чоп баромадаанд, ки дар қатори мавзӯъҳои муҳимми дохилӣ дар онҳо мавзӯоти гуногуни байналхалқӣ, махсусан, сулҳу амният ва дӯстии байни халқҳо, мавқеи намоён ишғол намудаанд. Достони «Ҳасани аробакаш» (1954) ба таҳқиқи бадеии масъалаи дар ҷараёни сохтмони ҳаёти нав тадриҷан тағйир ёфтани шуъуру ҷаҳонбинии мардуми тоҷик, дар мубориза бо боқимондаҳои дунёи куҳна ғалаба кардани русуми нави зиндагӣ ва табдили авзоъи қаҳрамони асосӣ бахшида шудааст.

Дар силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» (1957) муҳимтарин воқеъаҳои ҳаёти байналхалқӣ дар давраи бедорӣ ва марҳалаи нави ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ, давраи бедорӣ ва шикасти бунёди мустамликадорӣ, ба истиқлолият соҳиб шудани бисёр халкҳои мазлуми Осиёву Африқо тасвир ёфта, шуҳрати байналмилалӣ пайдо кардаанд.

Муаллиф, соли 1960, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» сазовори Ҷоизаи Ленинӣ гардидааст.
Соли 1960 достони нави лирикии ӯ «Ҷони ширин» (дар моҳномаи «ШарқиСурх») чоп шуда, барқосо дар миёни хонандагон маҳбубияти тамом касб кардааст.

Барои ин асар инотакрораш устод Тусунзода соли 1963 сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи комсомоли ленинииТоҷикистон гардидааст.

Гулчини офаридаҳои устод дар маҷмӯаҳои «Ҷони ширин» (1965), «Асри ман» (1974) ва чаҳорҷилди «Куллиёт» (1971-1985) интишор ёфтаанд.

Достони «Аз Ганг то Кремл» (1970) ва силсилаи шеърҳои «Посбони оташ» (1977) аз шоҳкориҳои солҳои охири адибанд, ки аз ҷониби хонандагон хеле хуш пазируфта шудаанд.

Устод Турсунзода як қатор асарҳои саҳнавӣ таълиф намуда, дар равнақу ривоҷи драматургияи тоҷик низ ҳиссаи сазовор  гузоштааст, ки пйесаҳои «Ҳукм» (алманахи «Тӯҳфа», 1934), «Роҳатхон» (1935), драмаи манзуми «Хусраву Ширин» (1936, дар ҳамқаламии Абдусалом Деҳотӣ), матни операи «Шӯриши Восеъ» (дар ҳамқаламии Абусалом Деҳотӣ навишта шуда, соли 1941 дар заминаи он якумин либреттои тоҷикиро ба майдон овардаанд), либреттои операҳои «Тоҳиру Зуҳро» (1944) ва «Арӯс» (1945) аз он ҷумлаанд.

Соли 1965 киностудияи «Тоҷикфилм» аз рӯи сенарияи ӯ филми бадеии «Ҳасани аробакаш»-ро ба навор гирифта, филмҳои ҳунарии «Бо амри дил» ва «Субҳи Ганг» низ дар заминаи филмномаҳои ӯ созмон ёфтаанд.

Дар ҷодаи ҷамъоварӣ ва нашри осори шифоҳии мардум ҳам хизмати шоиста кардааст.

Яке аз аввалин маҷмӯаҳои эҷодиёти шифоҳии халқ – «Намунаи фолклори тоҷик» (1940, 1945, 1957) бо cаъю ширкати бевоситаи ӯ нашр гардидааст.

Дойир ба масъалаҳои гуногуни адабиёт, драматургия ва театри тоҷик як силсила мақолаву рисолаи адабию танқидӣ ва дар мавзӯъҳои сулҳу амният ва дӯстии халқҳо як қатор мақолаҳои публитсистӣ навиштааст, ки дар шаклу қолабҳои гуногун интишор ёфтаанд ва дастурураҳнамои дастандаркорони соҳаи ҳунарварӣ будаанд. Асарҳои алоҳидаи А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н.А.Некрасов, Ҷамбул, Ш.Руставели, Ш.Рашидов, Зулфия ва дигаронро басо моҳирона ба тоҷикӣ гардондааст.

Аксари навиштаҳои устод Турсунзода ба бисёр забонҳо имардуми шӯравӣ ва халқҳои мутамаддини олам борҳо тарҷумаву чоп шуда, дар пешрафти умуми адабиёти шӯравию ҷаҳон ва соҳиби шуҳрати оламгир шудани адабиёти тоҷик ҳиссаи беназир гузоштаанд. Устод Турсунзода дар давоми умри пурбаракаташ ба бисёр кишварҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико сафар ва дар чандин форуми конгрессу конфаронсҳои бонуфузи байналхалқӣ фаъолона ширкат ва пурҳарорат  суханронӣ кардааст. Ходими маъруфи давлатию ҷамъиятӣ, вакили мардумӣ дар порлумони ҷумҳурӣ ва шӯравӣ, раиси Кумитаи ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо, узви Кумитаи шӯравии сулҳ ва садорату котиботи Иттифоқи нависандагони шӯравӣ, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, Кумитаи Мукофоти Ленинӣ ва раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.

Бо чор ордени Ленин, ордену медалҳои «Инқилоби Октябр», «Байрақи  сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ», «Кирилл ва Мефодий», «Ҷамол Абдулносир» ва Медали тиллои Кумитаи шӯравии муҳофизати сулҳ мукофотонида шудааст.

Барандаи Мукофоти байналхалқии Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1967).

Соли 1961 нахустини сазовори унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст. Барои хизматҳои бузурги адибию ҷамъиятияш соли 1967 сазовори унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, соли 2001 шарафёби унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардонидашудааст.

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонаст.


24 сентябри соли 1977 аз олам даргузашт. Мақбараи шарифи ӯ дар «Мазористони Лучоб» қарор дорад.

































©Муаллифи блог: Ҳабиб Саид
Ҳабиб Саид зодаи Душанбест. Дар донишкадаи кишоварзӣ таҳсил кардааст. Ба сифати - кафшергар, челонгар, муҳандис, геолог, технолог, рӯзноманигор, шореҳи сиёсии радио фаъолият намудааст. Муаллифи
китобҳои:"Одамсурате, ки субҳгохон пайдо мешавад"(1992 с.),  "Итальянец, тетя и Золушка"(2014 г.)  - мебошад  ва инчунин иштирокчии лоиҳаҳои зиёди адаби - интернети ба ҳисоб меравад. Ба забонҳои тоҷикию русӣ эҷод мекунад.







Ахмад Зохир БУХАРА Душанбе Душмани №1 точик - вируси М Исфара Хабиб Саид Хабиб Саид - YouTube Хабиб Саид - SoundCloud Таджикская музыка Таджикистан в картинках